Саволу ҷавоб

Ақида

Кадом гуноҳи бузургро Аллоҳ намебахшад ва азоби он абадӣ дар дӯзах будан аст?

Гуноҳи бузургтаринеро, ки Аллоҳ намебахшад — ширк (яъне ба Худованд шарик овардани ягон махлуқ) ва куфр (Ба Худованд бовар надоштан) мебошанд. Худованд мефармояд: «Ба дурустӣ, Худо онро, ки барои Ӯ шарик муқаррар карда шавад, намеомурзад; ва ғайри он ҳар киро хоҳад, меомурзад. Ва ҳар ки барои Худо шарик муқаррар кунад, ҳамоно ба гуноҳи бузург ифтиро кардааст». (сураи Нисо, 48)

Ду қавме аз одамонро, ки бадани онҳо дар қабр намепӯсад, номбар кунед

Дар қабр бадани Паёмбарон ва шаҳидон намепӯсад. Паёмбари Худо (ﷺ) гуфтаанд: «Худованд хӯрдани бадани паёмбаронро ба Замин манъ кардааст». Дар «Саҳеҳи Бухорӣ» дар бораи шаҳиде омадааст, ки баъд аз 6 моҳи гӯр кардан, ӯро аз қабр берун карданд ва диданд, ки бадани ӯ солим аст, ба истиснои гӯшҳояш.

Кай дарҳои тавба маҳкам карда мешаванд?

Дарҳои тавба ҳамон вақте маҳкам мешаванд, ки агар офтоб аз ғарб барояд. Аз Абу Ҳурайра ривоят аст, ки Паёмбари гиромӣ (ﷺ) гуфтанд: «Аллоҳ тавбаи он шахсро, ки пеш аз он ки офтоб аз он ҷое ки бояд дарояд, мебарояд, қабул мекунад» (Муслим). Ба ғайр аз ин барои ҳар як инсон вақте фаро мерасад, ки тавбаи ӯ қабул намешавад. Ин вақт ҳангоми сакароти мавт фаро мерасад. Баъд аз ин тавбаи ӯ дигар қабул намешавад.

Намоз

Агар хоҳам, ки дар як намоз пас аз сураи “Фотиҳа” чанд сура бихонам, ин сураҳоро бо “Бисмиллоҳ” оғоз кунам?

“Бисмиллоҳ” гуфтан пеш аз сураи “Фотиҳа” суннат аст, аммо дар оғози сураҳо суннат нест.